Апрел 10, 2020 18:08 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон

Руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон дар як тамоси телефонӣ охирин вазъияти минтақа дар мавриди вирури каронаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар як гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти минтақа дар мавриди вируси коронаро баррасӣ карданд.

Раҳмон  ва Мирзиёев дар ин гуфтугӯи телефонӣ бар аҳамияти анҷоми иқдомоти ҳамоҳанг, ироаи кумакҳои мутақобили фаврӣ ва идомаи тамосҳои наздики созмонҳои марбутаи пизишкӣ ва дигар хадамоти ба коргирифта, бо аҳдофи муборизаи муассир бо коронавирус таъкид карданд.

Руасои ҷумҳури ду кишвар ҳамчунин бар лузуми анҷоми иқдомоти пешгирона барои коҳиши таъсири манфии корона ба сари тавсеаи равобити дуҷонибаи ҳусни ҳамҷворӣ ва шарокати роҳбурдӣ таъкид ва заминаҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, молӣ ва ҳамлунақлӣ ва ҳамчунин тарҳҳои дар дасти иҷро дар чорчӯби табодулоти байниминтақаӣ, аз ҷумла байни пойтахтҳои Душанбе ва Тошкандро ба унвони абъоди авлавиятдор таъйин карданд.