Апрел 13, 2020 15:24 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Узбакистон аз пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё

Маҳфилҳои давлативу сиёсӣ ва ҳамчунин ҳизбҳои Узбакистон дар ҳоли баррасии мавзӯъи пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳастанд.

 Маҳфилҳои давлатии Узбакистон пайвастани кишварашон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро дар ҷиҳати манфиъатҳои ин кишвар қаламдод мекунанд , аммо бархе аз сиёсатмдорони узбак низ мухолифи пайвастани кишваршон ба ин иттиҳодия ба далели фишорҳои Русия ва аз даст додани истиқлоли Узбакистон ҳастанд.

Дар ин иртибот  Фарҳод Зайниев- намояндаи ҳизби демократии милли ё  Миллӣ тикланиш дар Маҷлиси олии Узбакистон мӯътақид аст: "Бо узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё солона 2 миллиард доллар коҳиши тавлид хоҳем дошт. Дар воқеъ Узбакистон аз узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё солона илова бар зиёни 2 миллиарддолларӣ , 100 ҳазор ҷои корро аз даст хоҳад дод".

 Дар ин замина Қудратуллоҳ Рафиқов-раиси Федератсияи иттиҳодияи коргарии  Узбакистон ва соҳибназару коршиноси иқтисодӣ пештар гуфта буд: "Шаҳрвандони Узбакистон барои дарёфти иҷозатномаи  кор дар Русия солона 3 миллиард доллар сарф мекунанд". Манзури ин коршиноси узбак сарфи хароҷот ва фоидаи баробари шаҳрвандони Узбакистон дар сурати узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст. Аз тарафи муқобил ҳомиёни узвияти Узбакистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва мақомҳои давлати Тошканд ду омили аслии "муҳоҷирони кории узбак ва дастрасӣ ба бозори кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё "-ро аз далелҳои аҳамияти пайвастани Узбакистон ба ин иттиҳодия қаламдод мекунанд. Дар ҳақиқат мақомҳои Тошканд бар тавонмандиҳои Узбакистон дар бархе ҳавзаҳои иқтисодӣ аз ҷумла умури кишоварзӣ, нассоҷӣ ва саноъати худравсозӣ ба унвони муҳимтарин далелҳои тамоюли Узбакистон ба узвият ва ҳамкорӣ дар ин иттиҳодия медонанд.

 Дар айни ҳол бояд гуфт: Ин масъалаҳо ошкоро дар изҳороти моҳи гузаштаи раисҷумҳури Узбакистон дар Маҷлиси Олӣ қобили мушоҳида аст.Шавкат Мирзиёев- раисҷумҳури Узбакистон барои нахустин бор мавзӯъи имкони узвияти Узбакистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро дар ҷараёни суханронии худ дар маҷлиси Сенати Узбакистон дар рӯзи 21 июни соли 2019 матраҳ кард. Вай эълом кард:Тавлидкунандагони Узбакистон барои дастрасӣ ба бозорҳои содиротии суннатии худ бо мушкилоти физояндае рӯбарӯ ҳастанд ва яке аз роҳҳои бурунрафт аз ин вазъият , Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст".

 Дар ҳақиқат бояд гуфт иқтисод, саноъат ва кишоварзии Узбакистон рӯ ба рушд аст ва содироти колоҳои тавлидии ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Ба ҳамин далел  Узбакистон ба бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ниёз дорад. Зимни онки бо рушди аҳолии Узбакистон , давлати Тошканд мебоист ҳар сол 700 ҳазор ҷои кори нав эҷод кунад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба шароити феълӣ, амалишавии ин ҳадаф барои давлати Тошканд имконпазир нест. Ҳамин мавзӯъ  ба муҳоҷирати кории шаҳрвандони Узбакистон ба Русия ва Қазоқистон ба унвони аъзои ин иттиҳодия мунҷар мешавад. Ҳамин мавзӯъ омили таъйинкунанда барои равобити наздики Узбакистон бо аъзои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аст.

 Ҷудо аз воқеиятҳои иқтисодии мавҷуд ба назар мерасад раҳбарони давлати Тошканд бо мавзӯъи узвияти нозир ва узвияти доим дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё бархурди муҳофизакоронае доранд. Аз изҳороти мақомҳои давлатии Тошканд чунин бардошт мешавад, ки раҳбарони Узбакистон қасд доранд аз фоидаҳои ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар чорчуби узвияти нозир баҳра бибаранд. Дар ҳоле, ки ҳамин сиёсатмадорони ҳоким бар давлати Тошканд талош мекунанд узвияти доим дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро инкор кунанд. Дар ин ҳол мақомҳои давлати Тошканд ба гунае рафтор мекунанд, ки бо вокуниши манфӣ ва норизоятии мақомҳои Русия рӯбарӯ нашаванд.

 

Барчасп