Апрел 16, 2020 12:45 Asia/Dushanbe
  • Карона дар Қирғизистон ва Қазоқистон

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон мегуяд ; бештарини шуюи Карона,дар ин кишвар то охирҳои моҳи апрел хоҳад буд.

Ба гузориши радиои бурнмарзии Садои Хуросон, Сурунбой Ҷинбеков раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи чоршанбе дар парлумони ин кишвар бо ишора ба лузуми тамдиди қарантинаи умумӣ изҳор дошт ; авҷи Кувиди -19 дар Қирғизистон дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ аст.

Вай гуфт ; ҳамонанди дигар кишварҳои ҷаҳон ин кишвар дар ҳоли ҳозир рӯзҳои сахтеро тай мекунад.

Бар асоси гузориши рӯзи чоршанбе ситоди пешгири аз густариши Карона дар Қирғизистон,449 мавриди Карона дар ин кишвар сабт шудааст.

78 шаҳрванди Қирғизистон беҳбуд ёфтанд ва 5 нафар фавтидаанд.

Дар ҳамин ҳол Камисиюни мубориза бо Карона дар Қазоқистон эълон кард бо ҳадафи пешгири аз густариши вируси Карона , тарадуди мусофир ва комюн аз тариқи хоки ин кишвар дар масири Тоҷикистон ва Туркманистонро мамнуъ шудааст.

Тоҷикистон ҳам чанде пеш аз маҳдудияти мувақати вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бетобеият аз гузаргоҳҳои марзии ин кишвар хабар дода буд. Дар қаламрави ин кишвар низ маҳдудияти тарадуд барои комюнҳо эъмол шудааст.

Барчасп