Апрел 18, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Сарнагун шудани ҳавопаймои низомӣ дар Қазоқистон

Шаби гузашта дар 10 километрии фурудгоҳи Сари Ариқи шаҳри Қарағанда як ҳавопаймои низомӣ сарнагун шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Вазорати дифои Қазоқистон аз сарнагун шудани ҳавопаймои низомии Миг-31 дар наздикии фурудгоҳи Сари Ариқи шаҳри Қарағандаи ин кишвар хабар дод.

Бино бар ин гузориш, ин ҳодиса дар наздикии фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Қарағанда дар пайи сухтор дар яке аз маторҳои ин ҳавопаймо рух дод.

Билофосила баъд аз вуқуи ин ҳодиса Вазорати дифои Қазоқистон комиссиони вижаеро ташкил ва баррасии далелҳои сарнагун шудани ин ҷангандаи низомӣ шуруъ шудааст.

Бояд гуфт ин чаҳорумин маротиба аст, ки ҷангандаи Миг-31-и неруҳои дифои ҳавоии Вазорати дифои Қазоқистон сарнагун мешавад. Мавридҳои қаблӣ дар солҳои 2007, 2008 ва 2013 ифтоқ афтода буд.