Баргузории музокироти Остона аз тариқи конфронси видеоӣ
(last modified Tue, 21 Apr 2020 06:06:44 GMT )
Апрел 21, 2020 11:06 Asia/Dushanbe
  • Баргузории музокироти Остона аз тариқи конфронси видеоӣ

Музокироти Остона ба сурати конфронси видеоӣ ва онлайн баргузор мешавад.

Ба нақл аз ИРНО, музокироти сулҳи Остона дар мавриди таҳаввулоти Сурия бо ҳузури дипломатҳои Русия, Эрон ва Туркия ба сурати онлайн ва конфронси видеоӣ баргузор мешавад.

Вазорати умури хориҷаи Русия ба хабаргузории ТОС эълом кард, ки раванди музокироти сулҳи Остона дар мавриди даври музокироти Сурия бо ҳузури вазирони умури хориҷа (Русия, Туркия ва Эрон) аз тариқи конфронси видеоӣ  дар 22 апрел  баргузор мешавад.

Пеш аз ин Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо Башор Асад- раиси ҷумҳури Сурия эълом кард, ки музокироти сеҷониба бо меҳварияти Кумитаи қонуни асосии Сурия ва таҳаввулоти вилояти Идлиби Сурия ба зудӣ баргузор мешавад.

Охирин даври музокироти Остона дар 10 ва 11 декабри соли 2019 дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.