Эҳзори сафири Қазоқистон ба Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон
Сафири Қазоқистон ба Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон эҳзор шуд.
Халаф Халафов, муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи шанбе бо фаро хондани Сержан Абдукаримов, сафири Қазоқистон дар Баку, ба Вазорати умури хориҷа, ёддошти эътирози ин кишварро ба сафири Қазоқистон ироа кард.
Халаф Халафов эълом кард, тирандозии гвардияи соҳилии Қазоқистон дар дарёи Хазар, ки ба кушта шудани як шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон ва захмӣ шудани ду тани дигар мунҷар шуд, барозандаи равобити дӯстона ва ҳамкориҳо ва ҳамоҳангиҳои миёни марзбонии ду кишвар нест.
Вай ҳамчунин аз ҷониби Қазоқистон хост, ҳодисаи мазкурро ба сурати ҳамаҷониба ва беғараз баррасӣ кунанд.
Сафири Қазоқистон ҳам зимни ибрози таассуф аз бархӯрди анҷомгирифта ва кушта шудани як шаҳрванди озарбойҷонӣ, ибрози умедворӣ кард, маҷрӯҳони ин ҳодиса зудтар беҳбуд ёбанд.
Вай эълом кард, ки ёддошти эътирозӣ ва нигаронии тарафи озарбойҷониро ба масъулони марбутаи кишвари худ хоҳад расонид.