Май 06, 2020 19:35 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Узбакистон ва Қазоқистон

Шумори мубталоён ва ҷонбохтагони корона дар Узбакистон ва Қазоқистон афзоиш ёфт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Вазорати тандурустии Узбакистон рӯзи чаҳоршанбе аз афзоиши теъдоди мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар ба ду ҳазору дусаду ҳабда (2217) нафар хабар дод, ки аз ин теъдод даҳ нафар ҷон бохта ва ҳазору пансаду як нафар (1501) ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, Абдулазиз Комилов- вазири умури хориҷаи Узбакистон ва Ҷозеп Борел- масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар гуфтугӯе телефонӣ мавзӯи мубориза бо коронаро баррасӣ карданд.

Тарафайн, иқдомоти ҷаҳонӣ дар муқобила бо вируси корона, ҳимояти Иттиҳодияи Аврупо аз Узбакистон дар ҳаллу фасли ин буҳрон, дастури кори дуҷонибаи Иттиҳодияи Аврупо ва Узбакистон ва дигар мавзӯоти минтақаии Осиёи Марказиро ҳам баррасӣ карданд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон ҳам имрӯз чаҳоршанбе эълом кард, чаҳор ҳазору дусаду наваду ҳашт (4298) мавриди ибтило ба вируси корона дар ин кишвар сабт шуда, ки аз ин теъдод ҳазору дусаду наваду нуҳ (1299) нафар беҳбуд ёфта ва бистуа нуҳ (29) нафар фавт карданд.

Қосим Жомарт Токаев- раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳам дар ин замина гуфт: Давлат дар масири муқобила бо вируси ҳамагири корона ҳудуди 13 миллиард доллар ҳазина кардааст.