Май 07, 2020 08:41 Asia/Dushanbe
  • Муноқисаи байналмилаллӣ барои сохти хати интиқоли барқ аз Узбакистон ба Тоҷикистон

Узбакистон барои сохти дубораи хати интиқоли барқ ба Тоҷикистон муноқисаи байналмилаллӣ баргузор мекунад.

Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати энержии Узбакистон,  ширкатҳо метавонанд шароити мушорикати худро дар сохти хати интиқоли 500 киловватии барқ ба Тоҷикистон эълон кунанд.

Ин масири интиқоли барқи 63 километри ,ки аз ноҳияи  Ғазори Узбакистон оғоз ва Торигари Тоҷикистон идома дошт то соли 2010 фаол буд аммо мақомоти вақти Тошкант ба далели ихтилофоти сиёсӣ бо Тоҷикистон онро тахриб карданд.

Бонки Рушди Осиё соли 2018 кумаки молии 35 миллион доллариро барои сохти дубораи хати интиқол тасвиб кард.

Мақомоти Узбакистон мегуянд,ки сохти хати интиқоли барқи соли 2022 ба поён мерасад.

Бо сохти дубораи ин хат заминаи интиқоли шабонарӯзии барқи Тоҷикистон ба Узбакистон низ фароҳам хоҳад шуд.