Таъйиди озмоиши 4 донишҷуи қирғизе,ки дар Тоҷикистон таҳсил мекарданд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i53409-Таъйиди_озмоиши_4_донишҷуи_қирғизе_ки_дар_Тоҷикистон_таҳсил_мекарданд
Озмоиши Коронаи 4 донишҷуи табаъаи Қирғизистон ,ки аз Тоҷикистон ба кишварашон бозгаштанд таъйид шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 07, 2020 08:53 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди озмоиши 4 донишҷуи қирғизе,ки дар Тоҷикистон таҳсил мекарданд

Озмоиши Коронаи 4 донишҷуи табаъаи Қирғизистон ,ки аз Тоҷикистон ба кишварашон бозгаштанд таъйид шуд.

Ба нақл аз Эки Пррес, Ҳусенов муовини вазири тандурустии Қирғизистон дар нишасти хабари дар Бишкек эълон кард ,ки таи шабонарӯзи ахир дар Қирғизистон 28 бемори мубтало ба Корона шиносоӣ шуданд.

Вай гуфт ; аз ин теъдод 4 бемор аз донишҷуёни қирғизӣ ҳастанд ,ки пас аз таътил шудани Донишгоҳҳо дар Тоҷикистон ба Қирғизистон бозгаштанд.

Нурболот Ҳусенов муовини вазири тандурустии Қирғизистон афзуд ; 3 нафар дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва як нафар дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Душанбе донишҷу аст.

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон аз бистари кардани ин 4 донишҷу ва оғози дармони онҳо хабар дод.Вай теъдоди мубталоён ба Корона дар Қирғизистонро 871 нафар эълон кард.