Май 07, 2020 09:59 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи  телефонии вазирони хориҷаи Чин , Тоҷикистон, ва Узбакистон

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Чин дар гуфтугуи телефонӣ роҳҳои густариши равобити ду кишварро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Сироҷиддин Меҳруддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Вонг Йи вазири умури хориҷаи Чин рӯзи чоршанбе дар ин тамоси телефонӣ дар бораи муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф дар чорчуби мушорикати стратегии ҳамаҷониба ва иқдомоти муштараки ду кишвар дар заминаи мубориза бо вируси ҳамагири  Корона гуфтугу карданд.

Дар ҳамин ҳол, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон ва Вонг Йи вазири хориҷаи Чин низ имрӯз дар як гуфтугуи телефони бар аҳамияти таҳкими беш аз пеш ҳамкориҳои роҳбурдии ҳамаҷонибаи Узбакистон ва Чин таъкид карданд.

Тарафайн ҳамчунин, дар мавриди баргузории дубораи гуфтугуҳои сиёсӣ байни Вазоратхонаҳои умури хориҷа ва нишасти Кумитаҳои фарии байни давлатӣ дар ҳамкориҳои Узбакистон ва Чин ба тавофуқ расиданд.

Вазирони умури хориҷаи Чин ва Узбакистон дар бораи созукори кумак ба гуфтугуҳои сулҳомез дар Афғонистон низ гуфтугу карданд.