Афзоиши мубталоён ва ҷонбохтагони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Sun, 10 May 2020 04:17:47 GMT )
Май 10, 2020 09:17 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мубталоён ва ҷонбохтагони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Шумори мубталоён ва ҷонбохтагони коронавирус дар кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон афзоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати тандурустии Қазоқистон эълом кард: Шумори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар то нимаи дуввуми рӯзи шанбе ба чаҳор ҳазору 922 нафар расидааст ва 1631 нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд. Ҳамчунин, сию як нафар бар асари коронавирус дар Қазоқистон ҷон бохтаанд.

Бино бар омори ахири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳам теъдоди мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 522 нафар расидааст.

Шаҳрдори шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо судури дастуре замони таътили тамоми бозорҳои пӯшоки ин шаҳрро то 31 моҳи май тамдид кард.

Вазорати тандурустии Узбакистон низ рӯзи шанбе аз афзоиши теъдоди мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар ба 2336 нафар хабар дод ва эълом кард: То рӯзи шанбе 1775 нафар беҳбуд ёфта ва 10 нафар низ ҷон бохтаанд.