Май 19, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Муқовимати Ӯзбекистон дар баробари интиқоди Русия аз сиёсати забонӣ

Дар иқдоме бесобиқа, давлати Тошканд дар баробари интиқоди Маскав аз барномаи Ӯзбекистон барои истифода аз забони узбекӣ дар хадамоти маданӣ, муқовимат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон, давлати Ӯзбекистон таъкид кардааст, афроде, ки дар корҳои худ аз забони расмии узбекӣ истифода накунанд, ҷарима мешаванд.

Пас аз ин Масква аз Тошканд хоста буд истифодаи расмӣ аз забони русиро ҳифз кунад, зеро ин масъала ба таври комил бо руҳи таърих, замон ва кайфияти равобити дуҷониба мутобиқат дорад.

Бо ин ҳол бо вуҷуди равобити Тошканд -Москва, Вазорати умури хориҷаиӮзбекистон дар баёнияе эълом кард, қонунҳои ҷадид, ки ҳануз ба тасвиб нарасидаанд, ҳақи вижа ва имтиёз барои сиёсати дохилии кишвар аст ва ба касе иҷозати мудохила дар умури дохилии кишварашро намедиҳад.

Дар ин баёния ба Русия ишораи мустақим нашуда, аммо ба изҳороти мақомҳои хориҷӣ ишора шудааст.

Ибтикори амал дар бораи истифода аз забони узбакӣ замоне матраҳ шудааст, ки нухбагони узбек, ки дар ибтидо ҳомии сиёсатҳои ислоҳталабонаи Шавкат Мирзиёев, Раиси Ҷумҳурии ин кишвар буданд, дар бораи руйкарди ҷадиди вай бо Русия ибрози нигаронӣ мекунанд.

Ӯзбекистон имсол тасмим гирифтаст, то узви нозир дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ба раёсати Русия шавад.

Тошканд соли 2019 низ  бо ширкати атомии Русия барои сохтани як  неругоҳи тавлидии барқи атомии  шартнома баст. Ин дар давраи Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон, ки мекӯшид кишварашро аз Русия дур нигоҳ дорад, ғайриимкон буд.

Барчасп