Май 22, 2020 15:34 Asia/Dushanbe
  • Амнияти ғизоӣ меҳвари музокироти вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ

Созмони ғизо ва кишоварзии Милали Муттаҳид аз баргузории нишасти вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ бо мавзӯи “амният ғизоӣ” хабар дод.

Ба гузориши Форс, дар ин нишаст бо ҳузури вазирони кишоварзии Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон мавзӯи таъмини амнияти ғизоӣ ва тавсеаи кишоварзӣ дар минтақаи мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин дар ин музокирот коршиносони Созмони зизо ва кишоварзии Милали Муттаҳид, Бонки бозсозӣ ва тавсеаи Аврупо, Бонки тавсеаи АвруОсиё, Анҷумани байналмилалии тавсеаи кишоварзӣ, Бонки тавсеаи исломӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ ширкат карданд.

Тарафайн ҳамчунин дар бораи тақвияти зерсохтҳои кишоварзии Осиёи Марказӣ табодули иттилоот карданд.