Тавофуқи мақомоти тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ дар бораи содироти барқ
Май 23, 2020 16:28 Asia/Dushanbe
Мақомоти Бишкек ва Душанбе дар заминаи содироти барқ бо ҳам тавофуқ мекунанд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ТоҷикТа, Айтмамат Назаров- раиси ширкати Энержии миллии Қирғизистон гуфт: Дар мавриди хариди барқ бо Туркманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳоли музокира ҳастем.
Пеш аз ин яке аз намояндагони ширкати энержии Қирғизистон гуфта буд, ки имсол Қирғизистон қасд дорад то 1 миллиард киловат соат барқ ворид кунад.
Соли 2019 дар ин кишвар беш аз 20.6 миллиард киловат соат барқ тавлид шуд.
Ҳамчунин Тоҷикистон соли гузашта аз содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон ҳудуди 91 миллион доллар даромад касб кардааст.