Май 23, 2020 17:06 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ

Нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ 26 май ба сурати видеоконфронс баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, қарор аст Сироҷиддин Муҳриддин- вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст ширкат кунад.

Дар ин ҷаласа дар мавриди чашмандозҳои тавсеаи амнияти байналмиллалӣ ва минтақаӣ ва таъсири он бар амнияти кишварҳои узви Созмони амнияти ҷамъӣ суҳбат хоҳад шуд.

Ин ҷаласа ба раёсати Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия баргузор мешавад.

Русия, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус аъзои Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ҳастанд.