Май 27, 2020 13:03 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон воридоти семент аз Тоҷикистонро аз сар мегирад

Ҳукумати Узбакистон иҷозатномаи воридоти семент аз хориҷ аз ҷумла Тоҷикистонро дубора содир кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон, содироти сементи ин кишвар ба Узбакистон ба далели густариши коронавирус се ҳафта қабл мамнуъ шуда буд ва акнун имкони фурӯши ин маҳсули муҳими сохтмонӣ ба кишвари ҳамсоя дубора фароҳам шудааст.

Узбакистон яке аз муштариёни асосии сементи Тоҷикистон аст ва дар соли 2019 фурӯши наздик ба як миллион тонна сементи Тоҷикистон ба Узбакистон, барои Душанбе 50 миллион доллар арзоварӣ доштааст.

Тавлид ва содироти семент ҳар сол дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст ва дар соли 2019 дар ин кишвар чаҳор миллион тонна семент тавлид шуд, ки ҳудуди 400 ҳазор тонна бештар аз соли 2018 аст.

Соли гузашта мизони содиротии семент ба хориҷ аз кишвар як миллиону 500 ҳазор тонна ба арзиши 68 миллион доллар будааст.

Соли гузашта Тоҷикистон ба Узбакистон 980 ҳазор тонна, ба Афғонистон 576 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 80 ҳазор тонна семент содир кардааст.

 

Барчасп