Май 27, 2020 20:27 Asia/Dushanbe
  • Миёнҷигарии Маскав барои танишзудоии марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Русия дар нишасти хабарӣ аз омодагии Маскав барои миёнҷигарӣ дар мавриди ҳалли мушкилоти марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар нишасти хабарӣ аз омодагии Маскав барои ҳалли масоили марзӣ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон хабар дод.

Вай гуфт: “Мутаассифона, даргириҳои мухталиф дар марзҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон борҳо рух медиҳанд ва вазъият ташдид мешавад”.

Ин мақом гуфт: “Мо шарикони худро барои ҳалли масоили марзӣ аз тариқи музокирот ва истифода накардан аз силоҳ даъват мекунем”.

Лавров афзуд, Маскав омода барои миёнҷигарӣ аст, зеро одисозии вазъият дар чорчӯби манофеи тамоми кишварҳои минтақа аст. Тӯли марзҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон 972 километр аст, ки фақат ҳудуди 520 километр аз он аломатгузорӣ шудааст.