Густариши ҳамкориҳои Туркманистон ва Русия дар бахши энержӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i54067-Густариши_ҳамкориҳои_Туркманистон_ва_Русия_дар_бахши_энержӣ
Туркманистон ва Русия бо имзои ёддошти тафоҳум ҳамкориҳои худро дар бахши энержӣ густариш медиҳанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 29, 2020 12:12 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Туркманистон ва Русия дар бахши энержӣ

Туркманистон ва Русия бо имзои ёддошти тафоҳум ҳамкориҳои худро дар бахши энержӣ густариш медиҳанд.

Мақомоти аршади Туркманистон ва Русия дар нишасти видеоӣ (видеоконфронс) масоили марбут ба омодасозии тарҳи “Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои энержӣ байни вазоратхонаҳои энержии ду кишвар”-ро баррасӣ карданд.

Тарафи туркманӣ дар ин нишаст тақвият ва танаввӯи ҷомеи равобити иқтисодӣ бо Русия, ба унвони яке аз шарикони роҳбурдии ин кишварро аз ҷумлаи ҷиҳоти аслии сиёсати хориҷии Туркманистон эълом кард.

Мақомоти Русия ҳам дар ин нишаст бар ҳамкории бештари ду кишвар дар бахшҳои мухталиф таъкид карданд.

Талоши Туркманистон барои иҷрои тарҳҳои мухталифи энержӣ дар ҳоле аст, ки то кунун ин кишвар ба далели коҳиши қимати нафт ва фурӯши гази худ дучори зарарҳои зиёде шудааст, ки иқтисоди ин кишварро бо мушкил мувоҷеҳ кардааст.