Хариди 80 дарсади саҳоми меҳмонхонаи "Узбакистон" аз сӯи ширкати сингапурӣ
Май 30, 2020 14:23 Asia/Dushanbe
Як ширкати сингапурӣ 80 дарсад саҳоми меҳмонхонаи "Узбакистон"-ро харидорӣ кард.
Ширкати Bashan pte ltd-и Сингапур 80 дарсади саҳоми давлати Тошкандро дар меҳмонхонаи "Узбакистон" ба арзиши 23 миллиону 200 ҳазор доллар харидорӣ кард.
Бар асоси ин гузориш, ширкатҳои маъруфи тиҷорат ва гардишгарӣ аз Узбакистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Сингапур дар ин муноқиса ширкат карданд.
Комиссияи муноқиса, ширкати Bashan pte ltd-и Сингапурро баранда эълом кард.