Муаррифии қавонини нави равуои мошинҳои боркаши хориҷӣ дар Туркманистон
(last modified Tue, 02 Jun 2020 05:22:26 GMT )
Июн 02, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии қавонини нави равуои мошинҳои боркаши хориҷӣ дар Туркманистон

Давлати Туркманистон қавонини нави фаолияти идораи гумрук, усули убур аз истгоҳҳои марзӣ ва транзити колоҳо дар шароити шуйюи коронаро муаррифӣ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, тибқи қавонини нав мошинҳои боркаше, ки вориди Туркманистон мешаванд бо истифода  аз дастгоҳ комилан дзенфиксия мешаванд.

Пас аз гузашти як соат аз дзенфиксия мақомоти идораи гумрук ҳуҷҷатҳои лозимро барои баррасӣ ба марокизи марбут ирсол хоҳанд кард, ки албатта тамоми аснод низ қабл аз баррасӣ дзенфиксия хоҳанд шуд.

Ҳамчунин ронандагон фақат пас аз судури иҷозатномаи пизишкон метавонад аз марз равуо кунанд