Июн 02, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли панҷумин бастаи кумакҳои башардӯстонаи Кореяи Ҷанубӣ ба Узбакистон

Кореяи Ҷанубӣ барои мубориза бо шуйюи корона ба Узбакистон панҷумин бастаи кумакҳои башардӯстонаи худро ирсол кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Кореяи Ҷанубӣ барои мубориза бо шуйюи корона ба Узбакистон панҷумин бастаи кумакҳои башардӯстона ба арзиши 100 ҳазор доллар ирсол кард.

Кореяи Ҷанубӣ қасд  дорад  бастаи дигар аз кумакҳои башардӯстона ба арзиши беш аз 66 ҳазор доллар низ ба Узбакистон ирсол кунад.

Панҷумин бастаи кумакҳои башардӯстонаи Кореяи Ҷанубӣ ба Узбакистон аз тариқи парвози ихтисосии Узбакистон Эйр Виз мунтақил шуд.

Бастаи мазкур ҳудуди  9 тонна коло ба арзиши 100 ҳазор доллар бо кумаки ширкатҳо ва донишгоҳҳои Шин Ҳон ва Эдеҷ ва утоқи бозаргонӣ ва саноати шаҳр Хуасунги Кореяи Ҷанубӣ таҳия шудааст.

Кумакҳои фавқ шомили 12 кати пизишкии чандкора, 20 насоси тазриқи дору, 15 ҳазор бастаи васоили безараргардонӣ ва дигар таҷҳизот ва лавозими пизишкии маврид ниёз аст.

То кунун теъдоди мубталоён ба корона дар Узбакистон ба 3662 нафар расидааст, ки то имрӯз  2837 нафар аз корона беҳбуд ёфтанд ва 15 нафар низ ҷони худро аз даст доданд.