Вазъияти нобасомонии атбои тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон
Ҳудуди 200 нафар атбои тоҷик дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон вазъияти нобасомоне доранд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Фарғона, ин афрод, ки дар минтақаи Туркистони Қазоқистон ҳастанд, ҳудуди ду моҳ аст, ки натавонистанд ба далели маҳдудияти тараддуд аз марзи Ӯзбекистон убур кунанд.
Шабакаи телевизионии Остона низ аз шароити ғайрибеҳдоштии шаҳрвандони ёдшудаи Тоҷикистон ва мутаафин шудани ҷасади яке аз фавт шудагони гурӯҳ низ гузорише пахш кард.
Дар миёни атбое, ки дар марз мунтазири иҷозаи тараддуд ҳастанд, илова бар коргарони муҳоҷир, занон кӯдакон ва маълулон низ ба чашм мехуранд. Онҳо маҷбуранд дар поркинг зиндагӣ кунанд ва рӯи картон бихобанд.
"Мансабдорон бояд ба мо кӯмак кунанд. Мо кишваре дорем, ки Тоҷикистон ном дорад", гуфт Бекалӣ Ҳалқроф, шаҳрванди Тоҷикистон.
Вай афзуд: "Мо мехоҳем ба ватани худ баргардем. Намояндагони мо танҳо ба мо мегӯянд, ки сабр кунем. Мо аз ин мавзӯ хаста шудем."