Июн 06, 2020 13:06 Asia/Dushanbe
  • Манофеъ ва дастҳои пинҳон дар танишҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон

Танишҳои марзии Қирғизистон ва Тоҷикистон, даргириҳои маъмулӣ нестанд, балки дар он натсионализми хашини зиддитоҷикӣ ва зиддиқирғизӣ нақш дорад.

Ба нақл аз Форс, Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар паёми худ бо мулоҳизагарӣ тавзеҳ дод, ки мушкилоти марзии Қирғизистон ва Тоҷикистонро умури дохилии ду кишвар медонад.

Улан Деҳқонбоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар робита бо пешниҳоди Сергей Лавров, барои миёнҷигарӣ дар ин мавзӯъ гуфт: Назари давлати Қирғизистон, идомаи музокироти дуҷониба аст.

Вай тасреҳ кард: Русия, шарики қобили эътимод ва роҳбурдии Қирғизистон буда ва ҳаст. Нуқсонҳои ҳуқуқӣ, далели аслии даргириҳо дар марзҳои муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳастанд ва давлатҳои ҳар ду кишвар, барои ҳалли масъалаи пешомада, дар қолаби нишастҳои комиссияи байни ду давлат талош мекунанд.

Деҳқонбоев хотирнишон кард: Ба назари Бишкек, ин масъала бояд ба таври сулҳомез ва бо таваҷҷӯҳ ба манофеи ду кишвар ҳал шавад. Қирғизистон бо Тоҷикистон равобити ҳасана дорад ва тоҷикҳо, мардуми бародар ҳастанд ва масоили марзӣ батадриҷ ҳал мешаванд.