Осонии ҷадид барои тоҷикҳои Узбакистон дар вуруд ба донишгоҳ
(last modified Sun, 07 Jun 2020 18:58:52 GMT )
Июн 07, 2020 23:58 Asia/Dushanbe
  • Осонии ҷадид барои тоҷикҳои Узбакистон дар вуруд ба донишгоҳ

Нахуствазири Узбакистон гуфт, сокинони манотиқи тоҷикнишини ин кишвар, аз ҷумла ноҳияи Сух, озмунҳои вурудӣ ба донишгоҳҳоро ба забони модарии хеш бидиҳанд.

Ба нақл аз сомонаи Tap Tj, Абдулло Орифов бо эъломи ин матлаб гуфтааст, ки ба далели камбуди кадр дар минтақаи Сух, ба дастури раисҷумҳури ин кишвар, барои вуруд ба донишгоҳҳои Узбакистон 500 бурсияи таҳсилӣ ихтисос дода хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки барои беҳбуди вазъи омӯзиш ва парвариш дар мантақаи Сух ва сохти мактаби ҷадид, ҳукмати марказии Узбакистон барномаи вижае тадвин кардааст.