Бузургтарин ҳуҷуми малахҳо ба кишварҳои Осиёи марказӣ
Коршиносон, бузургтарин ҳуҷуми малахҳо тайи 20 соли гузашта ба Осиёи марказиро пешбинӣ карданд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, кишварҳои Осиёи марказӣ барои мубориза бо бузургтарин мавҷи ҳуҷуми малахҳо худро омода мекунад.
Яман, Умон, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Ироқ, Эрон, Покистон, Афғонистон ва Ҳиндустон дар соли 2018 ба ин мушкилот дучор шуданд ва ҳоло ба туфайли шароити мусоид барои малахҳо дар Осиёи Марказӣ, ин офат Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Тоҷикистонро таҳдид мекунад.
Ҳафтаи пеш вазорати мавқеиятҳои изтирории Ӯзбакистон аз иҷроии барномаи муштараки зидди офат бо давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон хабар дод, ки иқдомоти аслӣ дар марзҳои 4 кишвар анҷом мешавад.
Давлати Қазоқистон 2,5 миллион доллар барои мубориза бо малахҳо ихтисос дод.
Ҳамчунин кишварҳои минтақа дар ҳоли такмили захоири маводи кимиёӣ барои мубориза бо малахҳо ҳастанд.
Қарор аст маводи кимиёӣ зидди малахҳо дар мазореъ барои дифоъ аз сабзиҷот истифода мешавад.