Июн 11, 2020 21:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми ҳабс барои нахуствазири собиқи Қирғизистон

Нахуствазири собиқи Қирғизистон бо ҳукми додгоҳи ин кишвар ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ҳукми додгоҳи Бишкек, дар иртибот бо фасоди молии Сафар Исҳоқов дар чанд парванда, аз ҷумла бозсозии музеи миллии Қирғизистон дар Бишкек содир шудааст.

Исҳоқов, нахусвазири собиқи Қирғизистон илова бар ҳукми 18 соли ҳабс, бояд 3,3 миллион доллар ҷарима низ пардохт кунад.

 

Барчасп