Июн 12, 2020 18:25 Asia/Dushanbe
  • Дархости ҳусни ҳамҷавории Қирғизистон бо Узбакистон

Қирғизистон хостори таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ бо Узбакистон аст.

Ба гузориши “Форс”, Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, Бишкек барои таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳифзи равобити мутақобилан судманд бо Узбакистон талош мекунад.

Вай гуфт, Қирғизистон хостори тавсеаи беш аз пеши тиҷорат ва таҳкими равобити иқтисодӣ бо ҳамсоягони худ, аз ҷумла Узбакистон аст.

Ҷээнбеков таъкид кард, тайи солҳои ахир ин ду кишвар равобити фарҳангӣ ва инсонии худро низ беш аз пеш тавсеа додаанд.

Раисҷумҳури Қирғизистон изҳор дошт: Мо барои таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳифзи равобити мутақобилан судманд бо Узбакистон талош ва тамоми масоилро ҳаллу фасл хоҳем кард, зимни ин ки барои ин мавзуъ вақт лозим аст.