Июн 16, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Нашрияи туркияӣ: Нахуствазири Қирғизистон истеъфо кард

Нахуствазири Қирғизистон, ки аз сӯи парлумони ин кишвар муттаҳам ба дахолат дар як парвандаи қазоӣ шуда буд, аз симати худ истеъфо кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммадқулӣ Абулқозиев- нахуствазири Қирғизистон, ки ба муддати ду ҳафта ҳузури худро дар давлати ин кишвар мутаваққиф карда буд, дар ниҳоят аз симати худ истеъфо кард.

Вай иллати истеъфои худро ҷилавгирӣ аз эҷоди монеа дар фароянди расидагӣ ба як парвандаи қазоӣ дар робита бо фасод дар истифода аз ферекансҳои марбут ба иртибототи телефони мобелӣ унвон кард.

Абулқозиев, ки аз апрели 2018  нахуствазири Қирғизистон буд, пештар ҳаргуна дахолат дар ин парванда ва иттиҳомҳои матраҳшуда алайҳи худро инкор карда буд.

Парлумони Қирғизистон давлат ва нахуствазири ин кишварро дар иртибот бо ин парванда муттаҳам карда ва аз онҳо хоста буд, ки бегуноҳии худро исбот кунанд.