Талоши Узбакистон барои ҷазби гардишгарони хориҷӣ дар авҷи корона
Дар даврони авҷи ҳамагирии вируси корона дар ҷаҳон, Узбакистон бо истифода аз шеваҳои хоссе дар талош барои ҷазби гардишгари хориҷӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи якшанбе санадеро бо унвони "Узбакистон. Тазмини сафаре амн" (Uzbekistan. Safe travel guaranteed) имзо кард, ки ҳадаф аз он иҷрои «иқдомоти такмилӣ барои тавсеаи бахши гардишгарӣ бо риояти дақиқи илзомоти эминӣ, беҳдоштӣ ва эпидемиологии пешрафта» эълом шудааст.
Бар асоси ин тарҳ, гардишгарони хориҷӣ дар Узбакистон дар сурати олуда шудан ба вируси корона ғаромати се ҳазордолларӣ дарёфт мекунанд.
Лозим ба зикр аст ин шева дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба таври густурда мавриди истифода қарор гирифтааст.
Бар асоси ин санад, будҷаи пардохти суғурта ба гардишгарони хориҷиро ниҳоде ба номи Бунёди ҷаҳонгардии амн, ки дар ҳамин робита эҷод шуда таъмин мекунад.
Бар асоси охирин омори расмӣ дар Узбакистон шаш ҳазору 153 нафар ба таври қатъ ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин миён 19 нафар ҷони худро аз даст додаанд.