Ҷолибтарин кишварҳои Осиёи марказӣ барои тиҷорат ва сармоягузорӣ
Пас аз фурупошии Шуравӣ дар нақшаи ҷаҳон 15 кишвари ҷадид бо тавонмандиҳои мухталифи иқтисодӣ ташкил шуд, ки дар ин миён Ӯзбакистон ва Қазоқистон аз ҷаззобияти бештаре дар минтақа бархурдор хастанд.
Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Форс. бар асоси яке аз охирин мутолиот дар бораи мизони ҷаззобияти сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар соли 2020 мелодӣ, аз сӯи Ожонси ройзанӣ ECED, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон кишварҳои бартар дар ҳавзаи сармоягузорӣ эълон шуданд.
Қазоқистон ва Ӯзбакистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз лиҳози тавлидоти санъатӣ пас аз Русия, Украина ва Белорусия ба тартиб мақомҳои чорум ва панҷумро доштанд ва имрӯз ин тавонмандӣ ба унвони меросе аз замони Шӯравии собиқ муҷиби тавсеаи беш аз пеши иқтисоди ин ду кишвар шудааст.
Дар ин миён дар радабандиҳои байналмилалии сармоягузорӣ Қазоқистон ба унвони пештози минтақа эълон шуд. Иқтисоди ӯзбакистон аз иқтисоди Гурҷистон тавсеаёфтатар ва аз иқтисоди Озарбойҷон мутанавеътар аст.
Ҳамчунин Қазоқистон бо таваҷҷӯҳ ба даромади нохолиси миллӣ ва даромади сарона ва ҳамчунин сатҳи поини бекорӣ дар байни кишварҳои дигарпештоз аст.
Коршиносон таъкид доранд, ки сатҳи тавсеаи зербиноии ҳамлу нақли Қазоқистон ва Ӯзбакистон дар байни кишварҳои дигар болост.
Қазоқистон бозорҳои Чин ва Аврупоро ба якдигар муттасил мекунад, дар нақшаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ монанди камарбанди иқтисодии ҷодаи абрешим, TRACECA ширкат мекунад, ки ин маврид барои ҷазби сармоягузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ кӯмак мекунад.
Аз Қазоқистон 5 масири заминии байналмилалӣ ба тули 23 ҳазор километр убур мекунад, ки саҳми интиқоли ҳамлу нақли даромади нохолиси миллиро сол ба сол афзоиш медиҳад.
Ӯзбакистон бо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ марзи муштарак дорад ва ба ҳамин сабаб аз тавонмандии маркази минтақавӣ логистикӣ бархурдор аст, аммо аз сабаби фарқиятҳо бо ҳамсоягон ва норасоии маблағ, системаи нақлиётии кишвар танҳо дар солҳои охир фаъолона рушд мекунад.
Суботи сиёсӣ дар Қазоқистон ва Узбакистон ба ҷолибияти сармоягузорӣ таъсири мусбат мерасонад. Ӯзбекистон аз ҷиҳати суботи сиёсӣ дар ҷои аввал аст.
Раиси Ҷумҳурии ҷадид "Шавкат Мирзиёев" дар шароити сиёсии кунунӣ дар байни мардум аз маҳбубияти зиёд бархурдор аст ва бар низоми давлатӣ назорати комил дорад.
Қазоқистон ва Узбакистон аз лиҳози шохисҳои монанди доштани ниҳодҳои давлатии ҳимоят аз сармоягузорон ва ҳамчунин қонуни пешрафтаи сармоягузорӣ дар мақомҳои аввал қарор гирифтаанд.