Дастгирии 25 нафар ба иттиҳоми ифротгароӣ дар Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i54812-Дастгирии_25_нафар_ба_иттиҳоми_ифротгароӣ_дар_Узбакистон
25 нафар дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон ба иттиҳоми омӯзиши фаъолиятҳои террористӣ боздошт шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 24, 2020 12:22 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии 25 нафар ба иттиҳоми ифротгароӣ дар Узбакистон

25 нафар дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон ба иттиҳоми омӯзиши фаъолиятҳои террористӣ боздошт шуданд.

Боздоштшудагон бо фарде ба номи А. Абдулқаҳҳоров, ки дар Сурия, дар сафи гурӯҳи террористии “Тавҳид ва ҷиҳод” фаъолият мекунад, дар иртибот ҳастанд.

Бино ба ҳукми додгоҳи олии Узбакистон, аз таърихи 26 сентябри соли 2016 мелодӣ гурӯҳи террористии “Катибаи тавҳид ва ҷиҳод” дар феҳристи созмонҳои байналмилалии террористӣ қарор гирифтааст.