Таҷамуъи шаҳрвандони Русия дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified Thu, 25 Jun 2020 07:34:15 GMT )
Июн 25, 2020 12:34 Asia/Dushanbe
  • Таҷамуъи шаҳрвандони Русия дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон

Ҳудуди 500 нафар аз шаҳрвандони Русия дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон мунтазири бозшудани гузаргоҳи марзӣ барои базгашт ба кишварашон ҳастанд.

Ба нақл аз Осиё плюс , ин афрод аз 15 уми июн бо худравҳои худ дар гузаргоҳи марзии Упек воқеъ дар марз миёни Тоҷикистон ва Узбакистон таҷамуъ карданд.

То 24 июн, ҳудуди 140 дастгоҳи худрав бо 500 сарнишин дар пойгоҳи марзӣ таҷамуъ карда буданд.

Таҷамуъ кунандагон аз мақомоти ду кишвар дархости эҷоди каридорисабз ва судури иҷозатномаи убур доранд то онҳо битавонанд ба Русия баргарданд.

Ин дар ҳоле аст ,ки дамои 45 дараҷаии дамо ба мушкилоти афроди таҷамуъкарда дар марз афзудааст. Таи як моҳи гузашта Русия чандин парвози вижа барои интиқоли шаҳрвандони худ аз Тоҷикистон роҳандозӣ кард , аммо нархи билети он 400 Евра эълон шуд ,ки бисёре аз шаҳрвандон тавонои пардохти ин маблағро надоранд.