Июн 30, 2020 09:31 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Узбакистон ба протоколи манъи силоҳҳои химиёии Женева

Раиси ҷумҳури Узбакистон қонуни пайвастани ин кишвар ба протоколи Женева-и соли 1925 бар асоси манъи корбурди силоҳҳои химиёвӣ ва гозҳои заҳролудро имзо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев- раиси ҷумҳури Узбакистон қонуни пайвастани ин кишвар ба протоколи Женева-и соли 1925 бар асоси манъи корбурди силоҳҳои химиёӣ ва гозҳои заҳролудро имзо кард.

Ин қонун дар моҳи майи соли равон тавассути Маҷлиси олӣ ва ҳафтаи гузашта тавассути Маҷлиси Сенати ин кишвар ба тасвиб расидааст.

Дар матни ин қонун омадааст: Ин кишвар ба протоколи манъи корбурди силоҳҳои химиёӣ ва гозҳои заҳролуд мепайвандад.

Пештар намояндагони Маҷлиси Сенати ин кишвар эълом карданд, ки тасвиби ин протокол дар роҳи таҳкими ҳузури Узбакистон дар ҷомеаи байналмиллалӣ як гоми муҳим хоҳад буд.

Протоколи имзошуда дар 17 июни соли 1925 дар Женева як санади байналмиллалии ҳуқуқии манъкунандаи корбурди силоҳҳои химиёӣ ва гозҳои заҳролуд аст.