Жеенбеков: Ҳамсояи наздик беҳтар аз хешу табори дур аст
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i55016-Жеенбеков_Ҳамсояи_наздик_беҳтар_аз_хешу_табори_дур_аст
Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт: Кишвараш наметавонад ба танҳоӣ мушкили марз бо Тоҷикистонро ҳаллу фасл кунад ва ин мавзӯъ ниёзманди ҳамкории кишвари ҳамсоя аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 01, 2020 07:44 Asia/Dushanbe
  • Жеенбеков: Ҳамсояи наздик беҳтар аз хешу табори дур аст

Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт: Кишвараш наметавонад ба танҳоӣ мушкили марз бо Тоҷикистонро ҳаллу фасл кунад ва ин мавзӯъ ниёзманди ҳамкории кишвари ҳамсоя аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Сооронбой Жеенбеков рӯзи сешанбе дар як суханронӣ дар нишасти маҷлиси ин кишвар ба таври вижа ба мавзӯи ҳали масъалаи марз бо Тоҷикистон пардохт ва гуфт: Вазъият дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчунон сангин ва душвор аст.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт: Хиради омма мегӯяд: Ҳамсояи наздик беҳтар аз хешу табори дур аст.

Жеенбеков хотирнишон кард: Мушкили марз бо Тоҷикистон ҳануз ҳал нашуда ва чунин шароите боиси норизоятии мардум ва тамоюл ба ҳали мушкилот дар сареътарин вақт мешавад, аммо дар тасмимгириҳои сиёсӣ бояд бо сабру дарки мутақобил бархурд шавад.

Вай афзуд: Ин масоил бидуни мушорикати ҳамсоягон наметавонанд ба сурати якҷониба ҳал шаванд. Дар айни ҳол набояд фаромуш кунем, ки ин кор ниёз ба нигариши зариф ва бидуни популизм дорад.

Жеенбеков ёдовар шуд, ки раванди музокира ва фаъолияти комиссияҳои байни давлат ва гурӯҳҳои корӣ идома дорад ва мавзӯи марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти контроли шахсии вай аст.