Тадбирҳои беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус дар Қазоқистон ва Қирғизистон
Қазоқистон ва Қирғизистон аз тадбирҳои ҷадиди беҳдоштӣ, барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус хабар доданд.
Қосим-Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қаҳоқистон бо ибрози нигаронӣ аз ҳамагирии коронавирус дар кишвараш, аз барқарории муҷаддади тадбирҳои пешгирона ҳамчун карантин ва фосилагузории иҷтимоӣ бо аҳдофи мубориза бо ин вирус, аз 5 июл ба муддати 14 рӯз хабар дод.
Бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Қазоқистон, ҳамакнун дар ин кишвар, 41055 мубтало ба коронавирус сабт шуда, ки аз ин теъдод, 13 845 нафар беҳбуд ёфтаанд ва 188 нафар ҷон бохтаанд.
Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, аз маҳдудияти кории васоили нақлияи умумӣ ва ҳамчунин фаъолияти марокизи тафриҳӣ, марокизи тиҷорӣ ва ресторанҳо дар ин шаҳр хабар дод.