Июл 04, 2020 12:38 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо ба Узбакистон барои мубориза бо коронавирус

Иттиҳодияи Аврупо дар чорчӯби кӯмакҳои башардӯстона ба нерӯҳои марзбонии хадамоти амнияти давлатии Узбакистон, маҳмулаи пизишкӣ таҳвили ин созмон дод.

Ин кӯмак шомили 830 даст либоси муҳофизатӣ, 1000 дастгоҳи зиддиуфунӣ ва 15 000 ниқоби пизишкӣ аст.

Васоили ёдшудаи ҳифозатӣ дар чорчӯби барномаи кӯмак барои назорати марзӣ дар Осиёи Марказӣ ва барои ҳифзи саломатии марзбонони кишварҳои минтақа, дар шароити хурӯҷи коронавирус таҳвил дода шудааст.

Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2003 барномаи вижаеро мабнии таҳкими амният ва мубориза бо тарддуди ғайриқонунӣ оғоз кардааст.

Бо мурури замон ин барномаи тавсиа ёфта ва на танҳо марзбонон, балки дигар созмонҳои фаъол дар заминаи гумрук, муҳоҷират, кишоварзӣ, беҳдоштро низ дар бар гирифтааст.