Июл 04, 2020 15:00 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки коршиносони Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус

Нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия ба Бишкек, барои ироаи кӯмак дар заминаи мубориза бо густариши коронавирус хабар дод.

Кубатбек Боронов, нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия барои ироаи кӯмак дар заминаи мубориза бо коронавирус хабар дод.

Вай гуфт: Коршиносони Русия ба раёсати Вячеслав Смоленский, муовини раиси ниҳоди нозири мавсум ба "Роспотребнадзор" барои кӯмак ба ҳамтоёни қирғиз вориди Бишкек шуданд.

Боронов афзуд: Кроршиносони рус ба ҳамтоёни қирғиз таҷҳизоти ташхиси коронавирус таҳвил ва иттилооте дар бораи равишҳои навини дармони бемории коронавирусро ироа медиҳанд.