Июл 06, 2020 19:53 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки пизишкии Иттиҳодияи Аврупо ба Узбакистон барои мубориза бо корона

Иттиҳодияи Аврупо ба Узбакистон барои мубориза бо корона таҷҳизоти пизишкӣ ирсол кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Эки пресс, ин кӯмак шомили 130 даста либоси муҳофизатӣ, ҳазор адад дастгоҳи зиддиуфунӣ ва 15 ҳазор адад ниқоби пизишкӣ аст.

Таҷҳизоти ёдшуда дар қолиби  барномаи кӯмак барои назорати беҳдоштии марзӣ дар Осиёи Марказӣ ва барои пешгирӣ аз ибтилои марзбонони Узбакистон ба бемории корона ирсол шуд.

Иттиҳодияи Аврупо пз соли 2003 барномаи вижаеро мабнии таҳкими амният ва мубориза бо тараддуди ғайриқонунӣ дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кард ва бо мурури замон ин барнома тавсеа ёфта ва на танҳо марзбонон, балки дигар созмонҳои фаъол дар заминаҳои гумрук, муҳоҷират, кишоварзӣ, беҳдоштро низ дарбар гирифтааст.

Бар асоси гузориги Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон, 16 ноябри соли 1994 байни Иттиҳодияи Аврупо ва Узбакистон равобити сиёсӣ барқарор шуд ва аз моҳи январи соли 1995  мелодӣ ҳам сафорати Узбакистон дар Бруксел доир шуд.