Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Русия ба Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i55251-Ирсоли_кумакҳои_башардӯстонаи_Русия_ба_Қазоқистон
Русия кумакҳои башардӯстонаро ба Қазоқистон мефиристад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 08, 2020 19:25 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Русия ба Қазоқистон

Русия кумакҳои башардӯстонаро ба Қазоқистон мефиристад.

Ба гузориши “Аки Пресс”, кумакҳои башардӯстонаи Русия шомили москҳои пизишкӣ, васоили муҳофизи шахсӣ ва дору аст.

Мақомоти Қазоқистон аз Русия ба хотири кумак ба ин кишвар барои мубориза бо бемории корона қадрдонӣ карданд.

Михаил Мишустин, нахуствазири Русия эълом кард, кумакҳои башардӯстона ба Қазоқистон дар тавофуқи телефонӣ бо Аскар Мамин, нахуствазири Қазоқистон ба ин кишвар ирсол шуд.