Хариди доруи зидди коронавирус аз Русия
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i55307-Хариди_доруи_зидди_коронавирус_аз_Русия
Туркманистон доруи зидди коронавирусро аз Русия харидоӣ мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 11, 2020 10:20 Asia/Dushanbe
  • Хариди доруи зидди коронавирус аз Русия

Туркманистон доруи зидди коронавирусро аз Русия харидоӣ мекунад.

Ба нақл аз Форс, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Вазорати беҳдошти ин кишвар дастур дод, то доруи зидди коронавирусро аз Русия харидорӣ кунад.

Тибқи ин ҳукм, Вазорати беҳдошт ва саноати пизишкии Туркманистон бояд доруҳои зиддивирусии мавриди ниёзи тавлиди Русияро харидорӣ кунад.

Бар ин асос, маркази мудирияти дорухонаҳои Вазорати беҳдошти Туркманистон ин масъулиятро бар ӯҳда гирифтааст.

Шоёни зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир саноати пизишкии Русия тавониста 2 доруи муассири зидди коронавирусро тавлид кунад.