Таътилии тамоми масоҷиди Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус
Июл 11, 2020 13:35 Asia/Dushanbe
Идораи динии мусалмонони Узбакистон аз таътилии тамоми масоҷиди ин кишвар то аввали август хабар дод.
Идораи динии мусалмонони Узбакистон дар сайти худ афзуд: Манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.
Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.
Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Узбакитсон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.