Таътилии тамоми масоҷиди Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус
(last modified Sat, 11 Jul 2020 08:35:42 GMT )
Июл 11, 2020 13:35 Asia/Dushanbe
  • Таътилии тамоми масоҷиди Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус

Идораи динии мусалмонони Узбакистон аз таътилии тамоми масоҷиди ин кишвар то аввали август хабар дод.

Идораи динии мусалмонони Узбакистон дар сайти худ афзуд: Манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Узбакитсон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.