Июл 14, 2020 08:36 Asia/Dushanbe
  • Баста будани марзҳои Узбакистон ва Қазоқистон

Сафорати Русия дар Тоҷикистон муяссар набудани имкони бозгашти шаҳрвандони рус аз тариқи Узбакистон ва Қазоқистонро ёдоварӣ кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Дафтари матбуотии сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфт: Роҳи ҳамлу нақли байналмиллалии заминӣ (транзит) байни Русия ва Тоҷикистон бастааст.

Дафтари матбуотии сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон таъкид кард,то кунун ҳеҷ иҷозатномаи расмие аз сӯи мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон барои убури шаҳрвандон содир нашудааст. Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон хотирнишон кард: Дар ҳоли ҳозир мақомоти рус барои ҳамоҳангии равуои шаҳрвандон аз марз бо мақомоти Узбакистон ва Қазоқистон дар ҳоли музокира ҳастанд.