Июл 21, 2020 11:40 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон

Тоҷикистон гази Узбакистонро ба арзиши 17 миллион доллар ворид ва барқро бо нархи 7 миллион доллар ба ин кишвар содир кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Авеста, мизони содироти гази табиии Узбакистон ба Тоҷикистон бештар аз мизони содироти барқи Тоҷикистон ба ин кишвари ҳамсоя аст.

Вазорати энержию оби Тоҷикистон эълом кард, мизони воридоти гази табиӣ аз ин кишвари ҳамсоя 2 баробар бештар аз мизони содироти барқ аст.

Ба гуфтаи ин манбаъ,  дар шаш моҳи аввали имсол Тоҷикистон 358 миллион киловатт соат барқ ба арзиши 7 миллион доллар ба Узбакистон содир карда ва 144 миллион метри мукааб гази табиӣ аз Узбакистон ба арзиши 17миллион доллар ворид кардааст.