Июл 22, 2020 11:13 Asia/Dushanbe
  • Бештар кардани ҳамкорӣ меҳвари дидори мақомоти Узбакистон ва Созмони амнияти Аврупо

Муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон ва дабири кулл ва раиси Шурои доимии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар дидоре чашмандози таъмиқи ҳамкориҳои дутарафро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Шерзод Асадов- муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон ва Томас Гремингер- дабири кулли Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ин дидор алоқамандии худро барои таъмиқи беш аз пеши ҳамкориҳои Узбакистон ва ин созмон эълом карданд.

Томас Гремингер дар ин дидор равобити рӯзафзуни Узбакистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро арзишманд донист.

Вай таъкид кард, ки дастовардҳои бузурге дар равобити Узбакистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар замони ҳузури вай дар симати дабири куллӣ рух додааст.

Узбакистон аз соли 1992 узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аст ва бо ин созмон дар заминаҳои мустаҳкам кардани амният ва суботи минтақаӣ, рушди ниҳодҳои ҷомеаи иҷтимоӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва инсонии байналмиллалӣ ва муҳити зист ҳамкорӣ мекунад.