Июл 28, 2020 19:35 Asia/Dushanbe
  • Эътирози аҷиби Вазорати умури хориҷаи Туркманистон ба Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Туркманистон бо интишори баёнияе ба гузориши хабарнигори шабакаи телевизеонии Мир, ки гуфтааст ҳавои гарми рӯзҳои охир аз қаламрави Туркманистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, эътироз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, дар ин баёния, ки дар сомонаи Вазорати умури хориҷаи Туркманистон мунташир шуда, хабарнигори шабакаи телевизеонии Мир барои зикри номи ин кишвар, ба надоштани малакаи касбӣ, бесаводӣ ва кӯтоҳандешии сиёсӣ муттаҳам шудааст.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Туркманистон омадааст: Таъкид бар ин нукта, ки ҳавои гарм аз Эрон ба Туркманистон ва аз ин кишвар ба Тоҷикистон расидааст комилан беасос мебошад, зеро таъсири ҳавои гарм, ки аз ғарби Осиё вориди минтақаи Осиёи Марказӣ мешавад бар асоси мушоҳидоти тӯлонии идораи ҳавошиносии Туркманистон, дар кавирҳои ин кишвар ночиз аст.

Ин баёния меафзояд: Дар шароити густариши вируси корона, ки гуфта 239 донишманди вирусшинос аз 32 кишвари ҷаҳон ин вирус метавонад муддати тӯлонӣ дар ҳаво боқӣ бимонад, интишори гузориш аз вуруди ҳавои гарм аз Туркманистон ба Тоҷикистон ба маънои иттиҳом задан ба Ашқобод дар бораи интишори ин вирус мебошад, ки ғайри қобили пазириш аст.

Туркманистон токунун ба таври расмӣ ҳеҷ мавриде ба мубтало шудани шаҳрвандонаш ба Ковид-19-ро гузориш накардааст, аммо дар рӯзҳои ахир ба истифодаи шаҳрвандон аз ниқоб ва ҳифзи фосилаи иҷтимоӣ таъкид кардааст.

Барчасп