Июл 31, 2020 17:21 Asia/Dushanbe
  • 10 миллион доллари миллиардери ӯзбакистонӣ ба пизишкони ёрии таъҷилӣ

Алишер Усмонов, тоҷири маъруфи ӯзбакистонии муқими Русия 10 миллион доллар ба пизишкони ёрии таъҷилии Ӯзбакистон кумаки молӣ эъто кард.

Ба гузориши “Спутник”, ба нақл аз расонаҳои Узбакистон, ин кумак барои руҳия додан ба кадри дармонии ин кишвар, ба вижа пизишкон ва кормандони бахши ёрии таъҷилӣ ҷудо шудааст.

Алишер Усмонов барои мубориза бо вируси корона дар Ӯзбакистон миллионҳо доллар ҷудо кардааст.

Қаблан Алишер Усмонов ба фонди ҳаракати миллии “Саховат ва кумак” 2,5 миллиард сӯм ихтисос дода буд. Ин маблағҳо барои 1000 хонаводаи камбизоат аз 48 маҳаллаи ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон тақсим карда шуд.

 

Барчасп