Август 06, 2020 10:53 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти 190 табааи тоҷик аз Қазоқистон

Бо дастури давлати Тоҷикистон ва ҳамкории мақомоти қазоқ190 шаҳрванди ин кишвар аз Алмааттои Қазоқистон ба ватан бозгардонда шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон,бо дастури давлати Тоҷикистон ва ҳамкории мақомоти зирабти Қазоқистон таи парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр 190 шаҳрванд ба ватан бозгардонда шуданд.

Тамоми парвозҳои байналмилаллӣ дар масири Тоҷикистон ва билакс тавассути ҳавопаймоии кишвари вобаста ба давлати ин кишвар дар санаи 20 моҳи март бо ҳадафи пешгири аз шуюи корона ва тазмини амнияти саломати шаҳрвандон мутавақиф шуданд.

Барои аввалин бор мақомоти тоҷик вуҷуди мавориди мубтало ба корона дар ин кишварро дар санаи 30 апрел таъйид карданд.

Бар асоси гузориши ахири Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори афроди мубтало ба корона дар ин кишвар ба 7853 нафар расидааст. Аз ин миён5356 тан беҳбуд ва 61 нафар бар асари ин бемори ҷон бохтанд.