Август 12, 2020 09:29 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли бастаи тиҷории Эрон аз масири Афғонистон ба Узбакистон

Вазорати ҳамлу нақли Афғонистон эълом кард: Нахустин бастаи тиҷории Эрон бо гузар аз қаламрави Афғонистон ба марзи Узбакистон расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ваҳидуллоҳ Қуванҷ- сухангӯи Вазорати ҳамлу нақли Афғонистон рӯзи сешанбе эълом кард: Аввалин бастаи тиҷории Эрон шомили маводи ғизоӣ ва салаи худрав аз тариқи масири Афғонистон ба марзи Узбакистон расидааст.

Сухангӯи Вазорати ҳамлу нақли Афғонистон таъкид кард: Бастаҳои дигари тиҷории Эрон низ, ки қарор аст ба Тоҷикистон ва Қирғизистон содир шавад акнун дар хоки Афғонистон аст ва ба зудӣ ба самти мақсадҳои худ ҳаракат мекунанд.

Пештар низ бо фаъол шудани озмоиши кридури ҳамлу нақли ҷодаии Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон мавсум ба КТАИ нахустин бастаҳои транзитии Эрон аз тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон ва Қирғизистон фиристода шуда буд.

Давлати Афғонистон хоҳони он аст, ки ба нуқтаи васли кишварҳои минтақа табдил шавад ва ҷои Туркманистонро дар транзити коло аз Эрон ба Осиёи Марказӣ бигирад.

Барчасп