Сентябр 02, 2020 18:39 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти раисиҷумҳурии собиқи Қирғизистон ба 11 соли зиндон

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳурии собиқи Қирғизистон, ки аз соли 2019 дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии ин кишвар басар мебарад, ба зудӣ роҳии зиндон мешавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, додгоҳе дар Бишкек раисиҷумҳурии пешини Қирғизистонро ба ҷурми фасод ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум кард.

Иттиҳоми аслии Отамбоев - даст доштан дар парвандаи озод кардани муҷриме ба номи Азиз Ботикаеви аҳли Чечен аст, ки ба иллати нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, маводи мухаддир ва ширкат дар шӯриши соли 2013 ба 16 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ин дар ҳоле аст, ки Замир Ҷошев, вакили вай ин иқдомро хилофи қавонини ин кишвар ва иллати онро кудурати бархе мақомоти қирғиз унвон кардааст.

 

 

 

Барчасп